Ситоди Кумитаи кор бо занон ва оила кадом масъаларо баррасӣ кард?

Ҷаласаи ситоди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

Ҷаласаи якуми ситоди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагии сатҳи баланд ба ташкил ва баргузор намудани Форуми байналмилалии “Зан ва об”, ки 10 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, баргузор гардид.

Муовини якуми Раиси Кумита Нуруллозода Фирӯза ҷаласаи ситодро бо баррасии Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумита оид ба баргузории Форуми “Зан ва об” оғоз намуда, аз масъулин таъмини иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳоро тақозо намуд.

Манбаъ: саҳифаи фейсбукии Кумитаи кор бо занон ва оила

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top