Омӯзиш барои занони фаъоли минтақаи Кӯлоб

Омӯзиши дурӯза, ки дар ноҳияи Восеъ  баргузор гардид, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, масъулини бахшҳои занон аз шаҳру навоҳии Балҷувон, Ховалинг, Муминобод, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб ширкат карданд.

Фаъолсозии саҳифаҳои ташкилоти ҷамъиятӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, инъикоси масоили гендерӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба иштирокчиён омӯзонида шуд, ки мустақилона ин корҳоро метавонанд анҷом диҳанд.

Таҳияи гузориши аксӣ (фоторепортаж) интихоби мавзӯи гузориши аксиро низ аз худ карданд ва дар идомаи корҳои мустиқилонаи амалӣ иштирокчиён намунаи кори хешро давоми терининг пешниҳод карданд. Чи гуна инъикоси фаъолияти хеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, гузоштани тег ва хештег (#) ба иштирокчиён омӯзонда шуд.

Ёдовар мешавем, ки чунин омӯзишҳо дар ноҳияи Дарвоз бо иштироки намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, масъулини бахшҳои занони ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз ва шаҳри Хорӯғ, ноҳияҳои Дӯстӣ, Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритӯс гузаронида шуд.

Ҳадафи лоиҳа, ки бо дастгирии молиявии барномаи грантҳои хурди Комиссияи рушди демократияи ИМА аз ҷониби ТҶ “Хуршед” амалӣ мегардад, дастгирии рӯзноманигории шаҳрвандӣ бо назардошти такмили сиёсати гендерӣ  ва баланд бардоштани сатҳи обрӯю нуфузи занони роҳбарикунандаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ, занони фаъоли маҳаллӣ  тавассути омӯзиши омодасозии маводи расонаӣ, таҳия ва фаъолсозии саҳифаҳои ташкилоти ҷамъиятӣ ва ё блогнависӣ, коркарди презентатсияҳо,  гузориши аксӣ, таҳия ва танзими наворҳо тариқи смартфон, маводи  инфограффикӣ  ва мақолаҳои муаллифӣ мебошад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top