Баррасии масоили гендерӣ дар Панҷакент

Аз 13 ум то 19 уми моҳи сентябри соли равон дар шаҳрҳои Панҷакент, Ваҳдат ва Бохтар дар доираи татбиқи лоиҳаи  “Занони пешсафу фаъол – пешбарандаи сиёсати гендерӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ”  вохӯриҳо бо занони пешсафу фаъол ва роҳбарикунанда доир гашт. Асосан дар он масъалаҳои сиёсати гендерӣ ва баробарии мардону занон баррасӣ шуд. Дар  вохуриҳо оид ба масъалаҳои маърифати  ҳуқуқии занон, никоҳи бармаҳал, пешгирии зӯроварӣ дар оила, баробарӣ ва шаклҳои барҳам додани табъиз маълумотҳои дақиқу муҳимро муҳокима намуда,  табодули таҷрибаву афкор карданд. Дар шаҳри Бохтар асосан дар мавриди инъикоси баробарии занону мардон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар барарсӣ карда, ҳамзамон дар атрофи сифати аксу наворҳо, мавқеъияти маводҳои нашршуда, аксҳои таҳияшуда зиёдат ибрози афкору таҷриба карданд.

Дар шаҳри Ваҳдат бошад аксарияти занони фаъолу пешсафи шаҳр ҷамъ омода, ғолибан оид ба  баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, малака ва имкониятҳои занони пешсаф дар истифодаи платформаҳои рақамӣ ҳамчун воситаи муҳими таъсиррасонӣ ва таблиғи ҳуқуқи занон ва муҳокимаҳо намуданд. Ҳамзамон қайд намуданд, ки яке аз маърифтаи баланди имрӯзи занон кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки аксаран дар ин самт занони роҳбарикунанда маълумоти камтар доранд. Пешниҳод шуд, ки дар коллеҷҳои шаҳр барои занони танҳсилнокарда, имконият ҳаст, ки таҳсилоти хешро идома намуда, дар самти болоравии занон мусоидат куннад.

Дар Панҷакент бошад, таваҷҷуҳи иштирокчиён бештар оид ба фаъолгардонидани занони таҳсилсилкарда равона шуда буд, аксарияти занон таҳсилоти олӣ доранд, аммо дар шаҳр ақидаҳои стреотипӣ, қолабҳои гендерӣ ҷои махсуси худро дорад. Аксарияти мардон бо нотаовнбинӣ намегузоранд, ки занон дар вазифаҳои баланд ва ҷойҳои муносиб кору фаъолият кунанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top