Хушоянд, ки бо инъикоси масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ, табъиз ва рушди занон дар сомона ва саҳифаҳои иҷтимоии худ ТҶ “Маркази фарҳангӣ-омӯзишии Томирис”дар озмуни “Занони пешсафу фаъол пешбарандаи сиёсати гендерӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ” иштирок намуда, яке аз ҷоизаҳоро ба даст оварда, бо диплом ва телефонони ҳушманд қадршиносӣ гардид.

Ин тадбири муҳим аз ҷониби ТҶ “Хуршед” роҳандозӣ гардида, доираи васеъ ҷомеаи шаҳрвандиро барои мусоидат дар ҳалли мушкилоти масъалаҳои рӯзмарраи гендерӣ ва пешгирии хушунат дар оила ба ҳам овард.
“Томирис” ҳамчун созмони ҷамъиятӣ аз ҳамкории мутақобилан судманд бо ТҶ “Хуршед” ва шарикони рушд изҳори хушнӯдӣ намуда, омодагии худро барои тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи корӣ баён менамояд.
Мо арзи супосу миннатдории худро пеш аз ҳама ба ТҶ “Хуршед” ва , Сафорати ИМА дар Тоҷикистон U.S. EMBASSY, DUSHANBE, TAJIKISTAN мерасонем, ки ба воситаи амалӣ намудани лоиҳаи “Занони пешсафу фаъол пешбарандаи сиёсати гендерӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ” чунин имконияти муносибро фароҳам овард.