Комиссия ба натиҷагирии озмун шурӯъ кард

Комиссияи озмуни “Занони пешсафау фаъол ва роҳбарикунанда – пешбарандаи сиёсати гендерӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ” охири сентябри соли 2024 муайян гардид. Дар ин ҳайат Ҷавоҳир Акобирова – Сардори шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбахор Ҷумъабаева коршиноси соҳаи гендер ва рушди ҷомеа,  Бегназарова коршиноси миллӣ оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ, ҳамзамон намояндаи маблағгузор Соро Мародалиева, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии “Хуршед” Шамъигул Аминова, Фирӯз Асомиддинов, тренери лоиҳа Сафарбек Кабиров ҳузур доштанд .

Интихоби ғолибони озмун  дар доираи  лоиҳаи “Занони пешсафу фаъол – пешбарандаи сиёсати гендерӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ” баҳри ҷалби занони фаъол мусоидат намудааст, ки дар самти инъикоси масъалаҳои гендерӣ нақши калидӣ мебозад. Ҳамзамон Комиссияи  озмунӣ дар доираи лоиҳа 6 нафар иштирокчиёни фаъолро барои сарфароз гардонидани туҳфаҳои ҳавасмандӣ низ интихоб мекунад.

Вазифаи асосии  Комиссия баррасии ҳаматарафа ва интихоб намудани наворҳо (ролик, релс), интихоби сомонаҳои фаъоли ташкилотҳои ҷамъиятии занона, саҳифаҳои иҷтимоӣ, аксгузоришҳо ва арзёбии маводҳои нашршуда дар саҳифаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Кори ҷаласаро Директори ташкилоти ҷамъиятии “Хуршед”   Шамъигул Аминова ифтитоҳ намуда,  қайд намуданд, ки тибқи пешбурди сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолгардонии нақши занон дар  шабакаҳои иҷтимоӣ баҳри баланд бардоштани мавқеи занон  дар ҷомеа ва фазои маҷозӣ муҳим аст. Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷа 6 ҷой барои ғолибон ва 6 ҷой барои нафарони ҳавасмандро интихоб намоянд. Тибқи талаботи озмун “Беҳтарин саҳифаи иҷтимоӣ оид ба инъикоси масоили гендерӣ, ҳуқуқи занон ва пешгирии зӯроварӣ ва ҳолатҳои табъизи занон,  Беҳтарин маводи журналистикаи шаҳрвандӣ (гузориши аксӣ ва наворӣ) оид ба инъикоси масоили гендерӣ, ҳуқуқи занон ва пешгирии зӯроварӣ ва ҳолатҳои табъизи занон, барои фаъолсозии саҳифаҳои иҷтимоӣ ба таври  мунтазам  ва зиёд доштани теъдоди корбарони саҳифаҳо ва пурхонадатарин мавод  баррасӣ шуд. Дар арзёбии маводҳо аслан  ба санаи таъсисёбии сомонаҳо ва саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё санаи интишори маводи таҳияшуда( гузориши аксӣ ва ё наворӣ, блог, сомона, мавoди чопшуда), ҳамзамон ба сифати ороиши  мантиқии мавод /саҳифа ва тарзи дизайнери он, мавзӯи мавод ва масъалаҳои пешниҳодшуда дар саҳифаҳои иҷтимоӣ, теъдоди мавод дар саҳифаҳои иҷтимоӣ, сомона   ва  теъдоди нашр, теъдоди шарҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, теъдоди аксу наворҳои саҳифаи иҷтимоӣ ва сифатнокии он, услуби забонӣ ва усули кори техникӣ таваҷҷуҳ дода шудааст. Ҳамчунин аз лиҳози бандубаст ва тарҳрезии мундариҷаи маводҳои расонаӣ, муҳиммият, бознашршваӣ, муайннокии мақсади мавод ва ба воқеият  наздик будаи мавод, санаду далелҳо ва сиафати наоврҳову аксҳо низ ба назар гирифта шудааст.   

Ҷаласа руйхати зерини интихобшудагонро пешниҳод менамояд, ки дар он ҳакамҳон имтиёзҳо ва холҳои худро гузаошта, ғолибонро интихоб кардаанд.  

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top