Интерентет метавонад манбаи шуғломӯзӣ бошад. Таҳмина як ҳунари сердаромадро аз шабакаи интернет омӯхт. Дар инстаграм хаймаҳои кӯдаконаро дид ва чӣ гуна таҳияи онро дар шабакаи ютуб пайдо карда, ба таҳияи он пардохт. Дар аввал ин кор барояш мушкил буд. Вале талошҳояш бар абас нарафтанду маҳсули дасташ харидор пайдо кард. Тахмина Бобоеваи 23-сола аз рӯйи ихтисос дорусоз аст. Ӯ ба ҷуз хайма, болишту курпаву рахти хоб низ омода мекунад.