Дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оила ҳисобида мешавад ва вазифаи аввалиндараҷаи волидайн солиму дууруст ба воя расонидани фарзандон мебошад. Барои хушбахтии фарзандон масъулияти волидон дар ҷои аввал меистад. Оила дар ҳолате дар ҷомеъа нафъи худро мерасонад, ки агар аъзои оила солиму бардам ва хуштарбия ба воя расида лар пешрафти ҷомеъа саҳмгузор бошанд.
Дар оилае, ки зулму хушунат аст, он чо аз хушбахти асар намемонад. Бадбахти боз дар он аст, ки зулм ба як нафар шавад ҳам, ранҷи онро тамоми аъзои оила мекашанд. Дар ин маврид оила вазифаи хншро доир ба тарбияи дурусти фарзандон бояду шояд иҷро карда наметавонад.
Бинобар ҳамин, таҳкими фарҳанги оиладори, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, инсон ва ҳуқуқҳои вай ҷавҳари Конститутсияи Ҷумхурии моро ташкил медиҳад. Аз ин ру пешгириии зуроварию хушунат дар оила ва ҷомеъаи шаҳрванди ҳамеша мавриди тавачҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амалҳо ҷазо пешбини кардаанд. Илова бар ин вобаста ба масъалаи мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуровари дар оила” 19 марти соли 2016 ба тавсиф расид, ки он иуносибатҳои ҷамъиятиро дар иртибот бо пешгирии зуровари дар оиларо танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зуровари дар оиларо доир ба ошкор, пешгири ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.
Аз кабули қонун “Дар бораи пешгирии зуровари дар оила” 21 сол сипари шуд. Дар ин муддат бахри татбики он дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи макомотхои давлатии ваколатдор як қатор иқдомҳо амали шудааст ва кор дар ин самт идома дорад. То имруз аз ҷониби гуруҳҳои таблиғоти бо мардум мулоқоту вохуриҳо гузаронида мешаванд. Дар рафти мулоқотҳо масъалаҳои доғи руз, аз ҷумла пешгирии ҳолатҳои номатлуб, пошхурии оилаҳо, гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҷинояткори, нашъаманди, худкуши, зуроварию хушунат дар оила ва монеъ шудан ба таҳсили фарзандон мавриди барраси қарор мегирад.
Дар қатори дигар мақомоти давлати марказҳҳои хуқуқии ёрирасон оид ба пешгирии зуровари дар оила ва расонидани кумакҳои иҷтимоию ҳуқуқи дар ҳалли ин масъала, саҳми худро мегузоранд. Таҷриба муайян намуд ки хушунат дар рузғгори мардум асосан дар шаклҳои хушунати мардон нисбати занон –ҳамсарон, хушунати хушдоман нисбати келин, хушунати падарону бародарон нисбати духтарону хоҳарон ва дар баъзе ҳолатҳо хушунати калонсолон нисбати хурдсолон, яъне кудакон, зоҳир мегардад. Бояд гуфт, ки омода набудан ба оиладори надоштани маълумоти касби, паст будани маърифати ҳуқуқи, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират барои хушунат дар хонавода, замина мухайё месозад. Доштани саводи казои ва одоби муошират чӣ ба духтарон ва чӣ ба писарон дар ҳаёти мустақилонаи минбаъдаи онҳо, ҳамдигарфаҳмиҳо бо аъзои оилаи шавҳар ва ё зан, инчунин осудагии зиндагиро таъмин мекунад. Мутаасифона имруз дар баъзе хонадонҳо хушунат ва зуровари нисбати зан ва кудак ба як қоидаи маъмули табдил ёфтааст. Холатҳое мешаванд, ки мардон, зуриву дағалиро истифода бурда ҳамсарони худро ҳатто дар пеши чашмони фарзандонашон зери мушту лағат қарор медиҳанд. Дар сурате, ки мард вазифадор аст оилаи хешро эҳтиром намояд, хушунатро нисбати зан раво набинад ва барои тарбияи фарзандони руҳану ҷисман солим фазои солимро мухайё созад. Агар дар зиндагони хушунат нисбат ба зан ҷой дошта бошад,ин ба фарзандони у таъсири манфи мерасонад ва фарзандон мумкин аст таҳти хатари ҷидди ба саломатии ҷисмони ва равониашон ва ҳатто зери хавфи марг қарор гиранд. Хар як фард ба дахлнопазирии шахсияти худ, озоди, бехатари ва ҳамчунин ба ҳаёт ҳуқуқ доранд, ки дар он ба зуровари ва хушунат ҷой нест.
Мубориза бо чунин падидаи манфӣ бояд тариқи дастаҷаъмона сурат гирад. Хар нафар бояд бо истифода аз мавқеъи худ дар ин самт саҳмгузор бошад. Лрзим аст, ки барои ояндаи неки фарзандон роҳҳои дурустро муайян созем. Часорату мардонаги сабру таҳаммул муҳаббат ва эҳтироми якдигарро марому мақсади худ қарор диҳем. Зеро ҳамаи мушкилот ҳалшаванда ва фақат дар ҳама кор бояд таҳамулро пеша намуд. Зеро бузургон гуфтаанд ки “сабр калиди ҳамаи хушбахтиҳост”
Гулсара Мирзоева- ҳукукшинос.