
Дар омӯзиши дурӯза, ки ноҳияи Шаҳритӯс баргузор гардид, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, масъулини бахшҳои занон аз шаҳру навоҳии Дӯстӣ, Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритӯс ва ғайра ширкат карданд.
Фаъолсозии саҳифаҳои ташкилоти ҷамъиятӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, инъикоси масоили гендерӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба иштирокчиён омӯзонида шуд, ки мустақилона ин корро анҷом дода метавонанд.

Таҳияи гузориши аксӣ (фоторепортаж) интихоби мавзӯи гузориши аксиро низ аз худ карданд ва дар идомаи корҳои мустиқилонаи амалӣ иштирокчиён намунаи кори хешро давоми терининг пешниҳод карданд. Дар раванди муҳокимаи гузоришҳои аксӣ дониши техникии онҳо такмил гардид.

Ҳадафи лоиҳа, ки бо дастгирии молиявии барномаи грантҳои хурди Комиссияи рушди демократияи ИМА аз ҷониби ТҶ “Хуршед” амалӣ мегардад, дастгирии рӯзноманигории шаҳрвандӣ бо назардошти такмили сиёсати гендерӣ ва баланд бардоштани сатҳи обрӯю нуфузи занони роҳбарикунандаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ, занони фаъоли маҳаллӣ тавассути омӯзиши омодасозии маводи расонаӣ, таҳия ва фаъолсозии саҳифаҳои ташкилоти ҷамъиятӣ ва ё блогнависӣ, коркарди презентатсияҳо, гузориши аксӣ, таҳия ва танзими наворҳо тариқи смартфон, маводи инфограффикӣ ва мақолаҳои муаллифӣ мебошад.