Омӯзиш барои занон дар ВМКБ

Дар омӯзиши дурӯзаи ноҳияи Дарвоз намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, масъулини бахшҳои занони ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз ва шаҳри Хорӯғ ширкат намуданд Ба онҳо унсурҳои асосии журналистика ҷанбаҳои техникӣ,ахлоқӣ ва ҳуқуқии ин соҳа омӯзонда шуд.

Ҳадафи лоиҳа, ки бо дастгирии молиявии барномаи грантҳои хурди Комиссияи рушди демократияи ИМА аз ҷониби ТҶ “Хуршед” амалӣ мегардад, дастгирии рӯзноманигории шаҳрвандӣ бо назардошти такмили сиёсати гендерӣ  ва баланд бардоштани сатҳи обрӯю нуфузи занони роҳбарикунандаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ, занони фаъоли маҳаллӣ  тавассути омӯзиши омодасозии маводи расонаӣ, таҳия ва фаъолсозии саҳифаҳои ташкилоти ҷамъиятӣ ва ё блогнависӣ, коркарди презентатсияҳо,  гузориши аксӣ, таҳия ва танзими наворҳо тариқи смартфон, маводи  инфограффикӣ  ва мақолаҳои муаллифӣ мебошад.

Натиҷагирии назарсанҷиҳои қабл ва баъд аз тренинг нишон дод, ки иштирокчиён аз тренинг маълумоти зарурӣ касб карданд

Агар то оғози тренинг 93%-и иштирокчиён бо ҳеҷ кадом барномаи мобилӣ видеоро танзим карда наметавонист, пас аз тренинг ҳамаи иштирокчиён метавонанд, ки танзими гузориши видеоиро аз тариқи телефони ҳамроҳи худ анҷом диҳанд.

Натиҷаи назарпурсӣ баъд аз омӯзиш

Бо истифода аз меъёрҳои қонунгузорӣ ҳуқуқ ва уҳдадориҳои журналист фаҳмонда шуд то оянда зимни машғул шудан ба журналистикаи шаҳрвандӣ ба хато роҳ надиҳанд ё ҳуқуқи шахсеро поймол насозанд.

Барои риояи ҳуқуқи ноболиғон, маъюбон зимни таҳияи маводҳои аксӣ ва видеоӣ ба онҳо уҳдадорӣ ва меъёрҳои байналмиллалӣ ва қонунгузории миллӣ омӯзонда шуд.

Дар бораи тафовути жанрӣ, навиштани хабар, гузориш ва мақолаҳои таҳлилӣ иштирокчиён маълумоти лозимаро касб карданд.

Ҳамчунин фаъолсозии саҳифаҳои ташкилоти ҷамъиятӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, инъикоси масоили гендерӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба иштирокчиён омӯзонида шуд, ки мустақилона ин корро анҷом дода метавонанд.

Таҳияи гузориши аксӣ (фоторепортаж) интихоби мавзӯи гузориши аксӣ низ омӯзонида шуда, давоми корҳои мустиқилонаи амалӣ иштирокчиён намунаи кори хешро давоми терининг пешниҳод карданд. Дар раванди муҳокимаи гузоришҳои аксӣ дониши техникии онҳо такмил гардид.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top